Кафидани пой нишонаи диабети қанд аст?

Кафидани пой, ки ба назар як чизи оддиву маъмулӣ менамояд, метавонад нишонаи касалии қанд бошад. Дар ин бора духтур ва ровии машҳури рус Герман Ганделман дар пахши мустақими барномаи “Жить здорово!” маълумот дод.

Ба гуфтаи ин табиб, кафидани пой, ки як падидаи хеле оддӣ ва маъмулӣ ба ҳисоб меравад, метавонад нишонаи мубтало будани шахс ба бемории қанд бошад.

Ба гуфтаи Ганделман, касалии қанд пеш аз ҳама кори рагҳои хунгард ва торҳои асабро вайрон менамояд ва ин боиси ба таври зарурӣ ғизо гирифта натавонистани қисматҳои поёнии ҷисми инсон гашта, боиси торс-торс кафидани пӯсти пойҳо мегардад.

Андешаи Герман Ганделманро ҳамкасбаш Елена Малишева низ тасдиқ намуда, мегӯяд, шахсоне, ки ба бемории қанд мубтало гаштаанд, ҳиссиёташон суст шуда, дардро чандон ҳис намекунанд.

Герман Ганделман дар барномаи «Жить здорово!» ба шахсоне, ки пӯсти пойҳояшон тез-тез мекафад, маслиҳат додааст, ки глюкометр харида, қандашонро бисанҷанд ва ё барои фаҳмидани сатҳи глюкоза дар хунашон ба табибон муроҷиат намоянд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *