Камчинии маҳсулот дар Ишқобод… ба баста шудани фурӯшгоҳҳои хусусӣ боис шуд

Дар ҳоле ки дар мағозаҳои давлатӣ маводи зарурии ғизоӣ камчин буда ва навбатҳои тӯлонӣ ба мушоҳида мерасад, ҳукумат барои бастани фурӯшгоҳҳои хусусӣ иқдом кардааст.

Дар ҳоле ки дар мағозаҳои давлатӣ маводи зарурии ғизоӣ камчин буда ва навбатҳои тӯлонӣ ба мушоҳида мерасад, ҳукумат барои бастани фурӯшгоҳҳои хусусӣ иқдом кардааст.

Феълан дар мағозаҳои давлатии шаҳри Ишқобод, пойтахти Туркманистон маводи ғизоии зарурӣ, ба мисли шакар, биринҷ ва тухм камчин буда ва ба ҳар нафар ба миқдори 1 кило фурӯхта  мешавад.

Тафовут дар нархи ин маҳсулот миёни фурӯшгоҳҳои давлатию хусусӣ чашмрас аст. Масалан, 1 кило шакар дар фурӯшгоҳи давлатӣ 7 манат (пули миллии Туркманистон) ва дар мағозаи хусусӣ 16 манатро ташкил медиҳад.

Ба эътиқоди коршиносон, мақомоти Туркманистон ба хотири танзими нархҳо дар пойтахти кишвар фурӯшгоҳҳи хусусиро бастаанд.

Дар зарфи ду соли ахир сокинони Туркманистон ба камбуди маводи ғизоии нон, орд, равғани пахта, тухми мурғ, биринҷ ва шакар рӯбарӯ шуда ва ин мавод дар фурӯшгоҳҳо аз рӯйи норма ба харидорон тавзеъ мешавад.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.