Камила Раҳимӣ: Мехоҳам садоямро ҷаҳон бишнавад

Камила Раҳимӣ сарояндаест, ки бо садои дилангезаш дар дили дӯстдорони савту наво ба зудӣ ҷой гирифтааст. Мухлисон Камиларо бо таронаҳои “Қоматбаланд”, “Лабханд”, “Борон ба шиша”, “Хушам меояд” ва чанди дигар мешиносанду ҳар сурудашро гарм пазироӣ менамоянд. Бо хоҳиши сершумори ҳаводорони санъати асил бо ин бонуи ҳунар суҳбате оростем, ки муҳтавояшро пешкаши шумо мегардонем.

— Камила, шумо метавонед тамоми пайроҳаи паймудаатонро хулосабарорӣ намуда, бигӯед, ки ин роҳ чӣ душвориҳо дошт?

— Дар ҷодаи ҳунар такопӯҳо бисёр аст. Барои муваффақ шудан ҳамаи ин пайроҳаҳоро бояд убур кард. Дар ин маврид бояд дар пуштат хонаводаат бошад ва хушбахтона, модари меҳрубонам ҳамеша пушту паноҳанду дастгириам мекунанд. Мегӯянд ҳеҷ роҳе бе мушкилӣ намешавад, аммо бояд бо сабр буд, то муваффақияти аслӣ насибат гардад.

— Барои як бону барои ҳунарманд шудан кадом мушкилиҳо пеш меоянд?

— Қадр накардани санъат мушкили асосӣ аст. Бо чанде аз студияҳо ҳамкорӣ кардам. Бисёр шикасту рехти зиндагиро аз сар гузаронидам. Бархеҳо пешниҳод намуда гуфтанд, ки “бо ман бош, бароят хона мехарам, ба хориҷа мебарам. Дар беҳтарин мошинҳо ба беҳтарин саёҳатгоҳҳо мебарам”, аммо барои ман санъатам болотар буд. Ман ба хонаи касе ё молу чизи нафаре ниёзманд нестам. Мехоҳам истеъдодамро равнақ бахшам. Мушкилӣ дар ҷодаи санъат надоштани спонсор буд, то ки барои фаъолияти банда маблағгузорӣ намояд. Барои пешравии як ҳунарманд, як духтари тоҷик нафаре лозим аст, ки ҳунари волоро қадр кунаду ӯро дастгирӣ намояд.

— Айни замон дар ин шоҳроҳ кӣ дастгириатон мекунад?

— Модарам! Модарам бисёр мекӯшанд, ки ман роҳи худро пайдо намоям, тавсияҳо медиҳанд, спонсорӣ мекунанд ва аз ҳама муҳимтар  бо дуои неки худ дили маро ба эҷодиёти минбаъдаи пурсамар гарм месозанд.

— Аз тарзи гапзаниятон эҳсос мегардад, ки дар оила хеле тарбияи хуб гирифтаед?

— Мо дар оила се духтар ҳастем. Падарам тотор ва модарам тоҷиканд. Чанд сол қабл дар шаҳри Бохтар зиндагӣ мекардем, ҳоло бошад, аҳли хонавода дар Россия ҳастанд. Модарам дар тарбияи мо духтаронашон бисёр эҳтиёткор буданд. Гоҳо сахт мегирифтанд, гоҳи дигар сарзаниш мекарданд, то ки мо роҳи дурустро дарёбем.

— Фикр мекунам, куртаи тоҷикӣ пӯшиданатон ҳам рабте ба тарбия ва тавсияи модар дошта бошад?

— Албатта, модарам низ гоҳе дар масъалаи сару либос тавсия медиҳанд, вале бештар дар ин ҷода ба ман продюсерам Додихудо Асозода роҳ нишон медиҳанд. Дар куҷо баромад кардан, интихоби сару либос ва бо кадом оҳанг баромад карданам маслиҳат додаву ҳамроҳиям мекунанд.

— Суруде доред бо унвони ”Қоматбаланд о бача, абрӯ каман о бача”, онро барои кӣ сароидаед? Магар дили ин бонуи нозанинро қоматбаланде рабудааст?

— На, то ба ҳол касе набурдааст. Мехоҳам то панҷ соли дигар дар мавриди рабуда шудани дил ва оиладор шудан фикре накунам. Тамоми ҳастиямро ба ҷодаи интихобнамудаам бахшида, ба қуллаи муроди хеш расидан мехоҳам. Дар мавриди он ки суруди мазкур барои кӣ бахшида шудааст, мегӯям, ки он танҳо як тарона асту бас.

— Дар оянда чӣ нақшаҳо доред?

— Мехоҳам то соли нави мелодӣ аввалин албоми худро, ки ҳоло номгузорӣ нашудааст ва албатта махфӣ аст, ба мухлисони худ пешкаш намоям. Бо гулдастатаронаҳои тару тоза, ки иборат аз 12 сурудҳои нав ва видеоклипҳоянд, хотири ҳаводорони савту наворо шод намудан мехоҳам. Ҳамзамон сафарҳои кории худро хориҷ аз кишвар ба роҳ мондан мехоҳам. Баъд аз соли нав ё то соли нави мелодӣ, ду клипи рӯзмарра, ду клиппе, ки воқеан ду миллатро ба ҳам мепайвандад ва ба шарафи дӯстии Ӯзбекистон ва Тоҷикистон, ки сарчашмаи ин Бухорои Шариф мебошад, омода шудааст, пешкаши мухлисон гардонида мешавад. Ҳамчунин кӯшиш мекунам, ки як суруд бо лаҳҷаи мардуми ноҳияи Рашт ва яктои дигар дар жанри фалак пешниҳод намоям.

— Умедворем, ки тамоми нақшаҳои худро амалӣ намуда, дар пешаи интихобнамудаи худ ва ҳаёти шахсӣ комёб мегардед. Дар охир ягон  гуфтание доред?

 — Аввалан сипос ба кормандони ҳафтаномаи “Оила”, ки барои муаррифии ҳунармандон талош меварзанд ва инчунин, сипоси худро ба кулли мухлисоне мерасонам, ки маро дастгирӣ менамоянд. Ман ҳамеша кӯшиш мекунам барои дӯстдорони санъат таронаҳои навро пешкаш намоям. Танҳо хоҳони онам, ки мухлисон ҳамеша бо ман бошанд. Мехоҳам баъд аз ин садоямро ҷаҳон бишнавад.

Суман УБАЙДУЛЛОЗОДА

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.