Канзи шифо: Бемории гуруснагӣ

Чандест, ки дар ҳолати гуруснагӣ меъдаам дард мекунад. Доруҳои таскиндиҳандаи дардро истеъмол мекунам. Аҷибаш ин аст, ки баъд аз хӯрокхӯрӣ дард нест мешавад. Аз ин рӯ, мехостам, донам, ки ин нишонаҳои кадом беморӣ аст?

ФИРӮЗ, ноҳияи Нуробод

Ба ин савол Сайфулло Ҳакимов — духтури Маркази миллии ташхису табобат посух мегӯяд:

— Бояд қайд намоям, ки меъда дар худ ширае дорад, ки он дар ҳазми хӯрок мусоидат менамояд. Вақте ки вайроншавии кори узв ба миён меояд, шира миқдори муайяни худро гум мекунад ва дарду сӯзишҳо инсонро азоб медиҳанд.

Аксари беморон ҳангоми гурусна мондан дардҳои зиёдро дар мавзеи меъда эҳсос мекунанд ва ягона роҳи халосӣ аз дард хӯрданро медонанд. Дар тиб онро дарди гуруснагӣ мегӯянд. Вақте меъда холӣ мешавад, дар ин вақт шираи меъда зиёд хориҷ шуда, ба хурӯҷи даромади рӯдаи 12-ангушта ва пайдоиши дард оварда мерасонад. Вақте бемор ягон чиз мехӯрад, дар ин ҳолат туршии меъда кам шуда, дард низ паст мешавад. Дардҳои сӯзон бошад, дар натиҷаи зиёд шудани шираи меъда хеморетсепторҳо ва ретсепторҳои дардиро ба сӯзиш меорад. Ин ҳолатро доруҳои бартарафкунандаи хурӯҷ (спазмалетик) таскин мебахшанд.

Намуди дигараш — ин дардҳои дер мебошад. Яъне шахс хӯрок мехӯрад ва он баъд аз ҳазмшавӣ аз меъда мебарояд ва пас аз муддате дард пайдо мешавад, ки сабаби он зиёд будани шираи меъда мебошад. Дардҳои шабона бошад, аз боиси зиёд шудани тонуси мушакҳои меъда мебошад, ки ин ба кори аз меъёр зиёд ва болоравии шираи меъда мусоидат мекунад. Тавсия медиҳам, ки бо пайдо шудани ин оризаҳо ба табиб муроҷиат намоед.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.