Каримҷон Ғафуров

Каримҷон Ғафуров: Бихандед, то ки умратон дароз шавад!

Каримҷон Ғафуровро дар саросари кишвар нафаре нест, ки нашиносад. Ӯ яке аз чеҳраҳои собиқи гуруҳи ҳаҷвии “Хандинкамон” аст ва айни замон дар тими “Коно ва Доно” фаъолият мекунад.

Каримҷон Ғафуров аз хурдӣ ба санъат дил баст. “Замони хурдии ман кинотеатрҳо фаъол буданд. Ҳамчунин, филмҳои навро дар хиёбонҳо ба намоиш мегузоштанд. Ман бозии ҳунармандони филмҳоро дида, дар дилам меҳри санъат пайдо шуд”,- мегӯяд номбурда.

Ҳаҷвро Каримҷон Ғафуров мероси падар арзёбӣ мекунад, гарчанде падараш дар синни 4-солагиаш аз олам гузаштаву ӯро ба ёд надорад. “Ба гуфти мӯйсафедони деҳа, падарам инсони бениҳоят шӯхтабиату ҳазлгӯй будаанд. Эшон ҳамеша бо латифаҳои намакини хеш дили ҳамагонро шод мекардаанд. Баъзе рафиқонашон мегӯянд, ки “ту ҳоло ба он дараҷае, ки падарат мардумро шод мекард, нарасидаӣ!”,- мегӯяд ӯ.

Фаъолияти касбии Каримҷон Ғафуров пас аз хатми Донишкадаи санъат дар шаҳри Душанбе оғоз шуд. Онҳо бо таъсиси Театр-студияи “Коно ва Доно” зуд миёни мухлисон шуҳрат ёфтанд, вале ҷанги шаҳрвандӣ ба равнақи фаъолияташон монеъ шуд.

“Вақте дар пойтахт нооромиҳо сар зад, фаъолияти якчанд театрҳо қатъ гардид, аз ҷумла, “Коно ва Доно” низ. Баъдан соли 1998 бо пешниҳоди Фатҳулло Абдуллоев дар шаҳри Истаравшан театр-студияи мазкур аз нав барқарор шуду то соли 2003 барномаҳои ҳаҷвии худро рӯйи саҳна мегузошт. Баъди ташкил шудани Театр-студияи “Хандинкамон” ман ба он пайвастам ва то соли 2010 ҳамкорӣ кардам. Баъди чанд соли фаъолияти якҷоя бо “Хандинкамон” ба қароре омадем, ки боз Театр-студияи “Коно ва Доно”-ро аз нав эҳё намоем ва чунин ҳам шуд”,- мегӯяд Каримҷон Ғафуров.

Театр-студияи “Коно ва Доно” дар ҳайати Фатҳулло Абдуллоев, Каримҷон Ғафуров, Гулбаҳор Ғаффорова ва Сулаймон Саидғозиев миёни мухлисон хеле маъруфият пайдо карда буд.

Каримҷон Ғафуров феълан дар Театри халқии шаҳри Истаравшан фаъолият менамояд. Ӯ то имрӯз дар филму намоишҳои зиёд нақш офаридааст. Аз ҷумла, дар филмҳои “Парӣ аз паси Куҳи Қоф”, “Соҳили мурод”, “Саргузашти наврӯзӣ”, “Орзуҳои наврӯзӣ”, “Келинпошшо”, “Таксӣ” ва ғайра.

Каримҷон Ғафуров асрори дарозумриро дар хандидан ва табъи хуш доштан мебинад ва ба мухлисонаш тависия медиҳад: “Кашидани як дона сигор панҷ дақиқа умри инсонро кӯтоҳ мекардааст. Як хандаи аз таҳти дил панҷ дақиқа умри инсонро дароз мекардааст. Пас, аз таҳти дил бихандед, то умратон дароз шавад…”.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.