Каромот. Латифа
Субҳ мӯйсафеди нуроние вориди автобус шуд ва ба назди мо омада, рост истод. Ман ҷавонеро, ки дар паҳлуи мо гӯё хоб буд, бедор карда, гуфтам:
– Айба намедонӣ, ба мӯйсафед ҷой намедиҳӣ? Зуд бихез, мўйсафед шинанд.
Ҷавон бархосту мӯйсафед ба ҷойи ӯ нишаст. Ба ҷавон миннатдорӣ карда, ба ман гуфт:
– Ҷавон айбе надорад. Ин манам, ки каромоти аҷибе дорам.
– Чӣ каромоте?,- бо тааҷҷуб пурсидам.
Гуфт:
– Каромоти ман ҳамин ки ҳар вақте вориди автобус мешавам, хоби ҷавонҳо мебарад. Вақте аз автобус берун меоям, онҳо аз хоб бедор мешаванд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ