Кассиус Робертсон ба сафи «Валенсия» гузариш анҷом дод

— Муҳофизи ҳуҷумгар Кассиус Робертсон (29-сола, қоматаш 191 см) ба сафи «Валенсия» гузариш анҷом дод,- иттилоъ медиҳад хадамоти матбуотии бошгоҳи испанӣ.

Дар мавсими қаблӣ баскетболбози канадагӣ дар тими испании «Обрадойро» баромад кард, дастае, ки мавсимро бо ишғоли зинаи 11-ум ҷамъбаст намуд.

Дар 25 бозии чемпионат Робертсон дар ҳисоби миёна 17,4 хол, 2,3 партофт ва 2,2 бозёфт ба омор гирифтааст.

Муҳофиз ҳамчунин шомили ҳайати васеи мунтахаби Канада дар пешорӯи Чемпионати ҷаҳон-2023 гардид.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *