Казоқистон ба Тоҷикистон кӯмаки башардӯстона фиристод

Қазоқистон ба Тоҷикистон 5 ҳазор тонна мазут ва маҳсулоти ғизоӣ фиристод. Арзиши ин кӯмак  $1,67 млн. аст.

Дар шаҳри Душанбе Сафири Қазоқистон Валихон Тураханов шаҳодатномаи 5 ҳазор тонна мазутро ба директори Агентии давлатии захираҳои моддии Тоҷикистон Нурмаҳмад Аҳмадзода супорид.

Инчунин, ҷониби Қазоқистон ба Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ иборат аз 67 тонна равғани растанӣ, 50 тонна консерваҳои ширӣ ва 325,6 тонна гречка фиристодааст.

Бояд гуфт, ки кӯмак аз ҷониби агентии KazAID ташкил карда шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *