Кишоварзон аз номи президент туҳфа мехаранд

Кишоварзон ва комбайнчиёни Туркманистон, ки нақшаи давлатии пахтаро иҷро карданд, вазифадор шудаанд, барои ҷашни Рӯзи ҳосил якдонаӣ телевизор биоранд, то баъдан аз номи президент ба онҳо тақдим шавад.

Дар ин бора бахши туркмании Радиои Озодӣ иттилоъ дод.

Ба онҳое, ки тавони харидории телевизори навро надоранд, гуфтаанд, телевизорҳои куҳнаи худро биоранд.

Кормандони техникӣ вазифадор шудаанд, трактор ва мошинҳои боркашеро таъмиру ранг кунанд, ки дар телевизион намоиш дода мешавад.

Дар Туркманистон чорабиниҳои расмии идонаро барои намоиш дар телевизион аз қабл ба навор мегиранд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *