Китобҳои дарсии донишҷӯёнро такмил мебояд

Нишасти матбуотии ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ Носирҷон Салимӣ ҳамеша барои рӯзноманигорон ҷолибу хотирмон ҷараён мегирад. Ӯ зимни гузориши пурмуҳтаво ҳам аз бурду комёбиҳо ва ҳам аз каму кости вазъи таълиму тадрис ва корҳои илмӣ ошкоро ҳарф мезанад. Ба пурсишҳои рӯзноманигорон саҳеҳ ва бо далелҳои қаноатбахш посух мегӯяд.
Дар нишасти матбуотии 10 январ барпошуда низ Н. Салимӣ аз ин шеваи хоси худ истифода намуда, пеш аз ҳама, изҳори нигаронӣ кард, ки дар макотиби олии кишвар, аз ҷумла дар ДДОТ, барои таълиму тадрис китобҳои дарсии ба талаботи замон ҷавобгӯ набуда истифода мешавад. Аз баҳри ислоҳи камбудии мазкур коллективи устодону омӯзгорони донишгоҳ нақшаи такмили китобҳои дарсиро мураттаб сохта, дар соли 2016 31 китоби дарсӣ, 15 монография, 65 дастури таълимию методӣ ва беш аз 670 мақолаи илмию методӣ таҳия ва нашр кардаанд. Дар баробари такмили китобҳои дарсии забонҳои русию англисӣ омӯзгорон низ ба такмили ихтисос ҷалб карда мешаванд.
-Мо кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки ташвишу саргардонии омӯзгоронро дар масъалаи ҳимояи рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ осон гардонем, — гуфт Н. Салимӣ. – Айни замон дар шуъбаи аспирантура ва докторантура 96 аспирант, 31доктор аз рӯйи ихтисос (доктор PhD) ва 1 докторанту 190 унвонҷӯ ба таҳсил фаро гирифта шуданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *