Китоби нави Абдулҳамид Самад нашр шуд

Нашриёти “Рушди маориф” асари нави Нависандаи халқии Тоҷикистон Абдулҳамид Самад – қиссаи мустанад бо номи «Шамъе афрӯзандаи чароғҳо»-ро ба теъдоди 1000 нусха аз чоп баровард.

Китоб аз рӯзгори пурпечутоб ва роҳи эҷодии нависандаи тозаҷӯву навпардоз Пӯлод Толис ҳикоят мекунад. Муаллиф дар асоси ҳуҷҷатҳо, хотирот ва таҳқиқоти шахсӣ симои равшану зиндаи Пӯлод Толисро ба тасвир кашида, саҳми ӯро дар рушди адабиёти муосири тоҷик бозтоб кардааст.

Абдулҳамид Самад яке аз чеҳраҳои барҷастаи адабиёти тоҷик ба ҳисоб меравад. Ӯ бо романҳо, повестҳо ва қиссаҳои пурмазмуну таъсиргузор миёни хонандагон маҳбубият пайдо кардааст. Соли 2010 бо унвони Нависандаи халқии Тоҷикистон қадрдонӣ гардида, асарҳои ӯ борҳо ба забонҳои гуногун тарҷума ва дар дохилу хориҷи кишвар нашр шудаанд.

Нашри қиссаи «Шамъе афрӯзандаи чароғҳо» саҳми дигаре дар арсаи адабиёти ҳуҷҷатӣ ва тарғиби шахсиятҳои маъруфи фарҳанги тоҷик хоҳад буд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *