Китоби Шаҳобиддини Ҳақназар «Анодил» ба табъ расид

«Анодил» -таҳти чунин унвон китоби нави адиб ва рӯзноманигори варзида Шаҳобиддини Ҳақназар аз чоп баромад.

Ин китоб қисса ва ҳикояҳои солҳои охир таълифнамудаи муаллифро дар бар гирифтааст. Ба қавли муаллифи сарсухани китоб, Шоири халқии Тоҷикистон Гулрухсор Сафиева Шаҳобиддини Ҳақназар дар китоби навбатиаш низ бо истифода аз сабки дӯстдоштааш «насри назмгуна» барои хонандагон қиссаву ҳикояҳои ҷолиб офаридааст.

Гулрухсор ба ҳунари нигорандагии муаллифи китоб баҳои баланд дода, гуфтааст, ки ӯ «ҳамвора насрашро бо назм оро дода, арӯс мекунад».

Китоб дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Нашри Файз» ба табъ расида, барои доираи васеи хонандагон тавсия шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *