КМВА ва «Хуҷанд» мусобиқаро оғоз мекунанд

24-уми июн дар Минтақаи марказӣ марҳилаи гуруҳии Ҷоми AFC-2022 оғоз мешавад, ки дар ин мусобиқаи аз ҷиҳати нуфуз дуюми Осиё дастаҳои КМВА (Душанбе) ва Хуҷанд (Хуҷанд) ширкат мекунанд.

Дар гуруҳи «Е» рақибони барандаи медали биринҷии чемпионати Тоҷикистон дастаи Клуби марказии варзиши артиши Душанбе дастаҳои «Суғдиёна» (Ўзбекистон), «Олтин Асир» (Туркманистон) ва «Нефтчӣ» (Қирғизистон) хоҳанд буд. Ҳамаи бозиҳо дар ин гуруҳ дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор мешаванд.

Дар гуруҳи «F» ноибчемпиони Тоҷикистон «Хуҷанд» барои роҳхати ягона ба даври баъдӣ бо дастаҳои «Дордой»-и Қирғизистон ва барандаи Ҷоми Туркманистон «Копетдоғ» мубориза мебарад. Ҳамаи бозиҳои ин гуруҳро Бишкек мизбонӣ мекунад.

Гуруҳҳои ғолиб дар финали минтақавӣ вомехўранд, ки ғолиби он 100 ҳазор доллар мегирад.

Дар гуруҳи «Е» дар даври якум 24-уми июн «Суғдиёна» (Ӯзбекистон) бо «Нефтчӣ» (Қирғизистон) ва «Олтин Асир» (Туркманистон) бо КМВА (Тоҷикистон), дар даври дуюм 27-уми июн «Нефтчӣ» бо «Олтин Асир», КМВА бо «Суғдиёна», дар даври 3-юм 30-юми июн «Суғдиёна» бо «Олтин Асир», КМВА бо «Нефтчӣ» бозӣ мекунанд.

Дар гуруҳи «F» дар даври якум 24-уми июн «Копетдоғ» (Туркманистон) бо «Хуҷанд» (Тоҷикистон), дар даври дуюм 27-уми июн «Дордой» бо «Копетдоғ», дар даври 3-юм 30-юми июн «Хуҷанд» бо «Дордой» вомехўранд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *