Коҳиши издивоҷу талоқ дар Тоҷикистон
Соли гузашта дар Тоҷикистон 75197 издивоҷ ба қайд гирифта шудааст. Нисбат ба соли 2023 тақрибан 1247 издивоҷ камтар мебошад.
Дар ин бора Бунафша Файзиддинзода, раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Тоҷикистон иттилоъ дод.
Ӯ дар нишасти хабарӣ изҳор дошт, ки соли 2024 талоқ низ коҳиш ёфтааст.
Дар ин давра 9000 оила аз ҳам ҷудо шудаанд. Ин нишондиҳанда тақрибан 1000 ҳолат камтар аз соли қаблӣ мебошад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ