Кодекси нави андоз: НДС аз 18 ба 15 фоиз расид

Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молияи Тоҷикистон имрӯз, 3-юми ноябр дар парлумон тарҳи Кодекси андоз дар таҳрири навро муаррифӣ кард.

Тибқи маълумоти мавҷуда дар кишвар шумораи умумии молиёт ё андоз аз 10 ба 7 намуд коҳиш дода шуд ва инро масъулин яке аз сабукиҳо дар тарҳи нави Кодекси андоз гуфтанд.

Таъкид шуд, ки агар то имрӯз корфармоён дар Тоҷикистон барои ҳар корманд ба андозаи 25 дарсади маош ба буҷа молиёти ҳифзи иҷтимоӣ медоданд, дар Кодекси нав меъёри он 20 дар сад пешбинӣ шудааст.

Вазири молия ҳамчунин иттилоъ дод, ки дар тарҳи нав меъёри андоз аз арзиши иловашуда, яъне НДС аз 18 то 15 дарсад, андоз аз шахсони ҳуқуқӣ аз 23 то 20 дарсад, андоз аз шахсони воқеӣ аз як фоиз кам шудааст.

Дар тарҳи нави Кодекси андон, андоз аз истифодабарандагони воситаҳои нақлиёт аз молу мулк якҷо карда шуд ва андози аксиз аз хизматрасониҳои воситаҳои электронӣ аз 5 дарсади қаблӣ ба 7 дарсад афзоиш ёфт.

Қаблан Нусратулло Давлатзода, раиси Кумитаи андоз вобаста ин масъала зимни нишасти матбуотӣ изҳори назар карда буд. Ба таъкиди Нусратулло Давлатзода, бо қабул гардидани Кодекси нави андоз воридоти маблағ ба буҷа метавонад кам гардад. “Аммо ба хотири рушди истеҳсолот бояд ба соҳибкорон сабукиҳо дода шавад”,-изҳор дошт ӯ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *