KOICA дар шаҳри Ваҳдат зеристгоҳи барқии 110/10 кВ месозад

Дирӯз дар Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни Вазорат, Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат ва Агентии Корея оид ба ҳамкории байналмилалӣ (KOICA) маросими баимзорасии Протоколи музокирот оид ба лоиҳаи «Сохтмони шабакаи барқӣ ва беҳдошти сатҳи хизматрасонии соҳаи тандурустии ҷамоати деҳоти Ромит» баргузор гардид.

Бино ба маълумоти рассонаҳо, дар маросими мазкур  Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода, раиси  шаҳри Ваҳдат Раҳмоналӣ Амирзода, Сафири Фавқулода ва Мухтори Корея дар Тоҷикистон Ли Вучёл ва Директори минтақавии Агентии Корея оид ба ҳамкории байналмилалӣ (KOICA) Сун-ил  иштирок намуда, баимзорасии лоиҳаро идомаи рушди ҳамкории гуногунҷанба арзёбӣ намуданд.

Зикр шуд, ки ҷамъомади имрӯза бо мақсади дар амал тадбиқ намудани нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз натиҷаи сафари корӣ ба шаҳри Ваҳдат, ки 4 июни соли 2016 ба миён омада буд, роҳандозӣ гардид.

«Миёни Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии Корея оид ба ҳамкории байналмилалӣ (KOICA) вобаста ба масъалаи барқтаъминкунии ҷамоати деҳоти Ромит (деҳаҳои Ғускеф, Пичеф, Қоқу, Девдара, Новаки поён, Новаки боло, Пушандоч, Вистан ва Дашти мазор)  ҳамкории судманд ба роҳ монда шудааст», — иброз дошт Усмоналӣ Усмонзода.

Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон илова намуд, ки дар доираи лоиҳаи мазкур Агентии Корея оид ба ҳамкории байналмилалӣ (KOICA) ният дорад барои барқтаъминкунии деҳаҳои мазкур сохтмони як адад зеристгоҳи барқии 110/10 кВ, наздик ба 53 км хати интиқоли барқи 10 кВ, хатҳои интиқоли барқи 0,4 кВ дар ҳамаи деҳаҳо, насби трансформаторҳо, низоми муосири назорату ҳисоби неруи барқ  ва инчунин баланд бардоштани сатҳи  хизматрасонии соҳаи тандурустии ҷамоати деҳоти Ромит ва сохтмони иншооти тандурустиро ба роҳ монад.

Татбиқи лоиҳа, пеш аз ҳама, ба дастрасии пурра пайдо намудани мардуми деҳот ба неруи барқ, хизматрасонии хуби тиббӣ ва паст гардидани ташвишу ногувориҳои зиндагии мардум нигаронида шуда, баҳри рушди иҷтимоии минтақа шароит фароҳам меорад.

Маврид ба зикр аст, ки барои иҷрои лоиҳаи «Сохтмони шабакаи барқӣ ва беҳдошти сатҳи хизматрасонии соҳаи тандурустии ҷамоати деҳоти Ромит»  аз ҷониби Агентии Корея оид ба ҳамкории байналмилалӣ (KOICA) дар ҳаҷми 6 млн. доллари ИМА маблағи грантӣ ба нақша гирифта шудааст.

Южная Корея выделит 6 миллионов долларов на энергосеть в Рамите

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *