Коммунистон ҳам президент шудан мехоҳанд

Дар анҷумани ғайринавбатии Ҳизби коммунисти Тоҷикистон раҳбари 72 солаи он Мироҷ Абдуллоев, номзад ба мақоми президенти пешбарӣ шуд.

Анҷумани ғайринавбатии Ҳизби коммунисти Тоҷикистон 5 сентябр доир гашта, Мироҷ Абдуллоев якдилона аз суи 57 вакили ҳизб номзад ба президентӣ пешбарӣ шуд.

Ӯ зимни суханронӣ бо ишора аз таҷриба ва таърихи ҳизб гуфт, дар интихобот ғалаба хоҳанд кард.

Интихоботи президентӣ дар Тоҷикистон қарор аст 11 октябри соли ҷорӣ доир гардад.

Ҳизби Коммунисти Тоҷикистон низ аллакай барномаи интихоботиро омода кардааст. Барномаи ҳизб ҳалли мушкилоти иҷтимоиро, навсозии иқтисодиёт ва ислоҳоти менеҷмент ва системаи судиро дар бар мегирад.

Айни замон, раиси Ҳизби Сотсиалисти Тоҷикистон Абдухалим Ғаффоров, раиси Ҳизби аграрӣ Рустам Латифзода, раиси Ҳизби демократ Саидҷаъфар Усмонзода ва раиси Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон Рустам Раҳматзода пешбарӣ шудаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *