Конститутсия дар Кумитаи рушди маҳал

Пагоҳ рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад.

Ба ин муносибат   дар маҷлисгоҳи Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси ҳизбии ҲХДТ  баргузор гардид.  

Раиси Кумита Қосим Роҳбар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро инъикоскунандаи воқеияти даврони истиқлолу озодии Ватан, рушди давлат ва пешрафти миллати тамаддунсози тоҷик арзёбӣ карда кормандони Кумитаро табрик гуфт.   Конститутсияи  Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кардааст, ки дар Тоҷикистон халқ баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ буда, онро  бевосита ва ё бо воситаи вакилони худ амалӣ мегардонад. Халқ ҳокимияти худро бо роҳи ифодаи иродаи худ дар интихобот ё интихоботи мақомоте, ки халқро намояндагӣ мекунанд, ба амал мебарорад.

Дар Конститутсия таъмини соҳибихтиёрӣ, истиқлолият ва тамомияти арзии Тоҷикистон вазифаи асосии давлат эълон шуда, дар айни замон ба хотири ҳимояи ин арзишҳои конститутсионӣ ва ташаккули муназзаму муътадили давлати навини тоҷикон тағирнопазир будани шакли идораи кишвар, тамомияти арзӣ, моҳияти демократӣ, ҳуқуқбунёдӣ, дунявӣ ва иҷтимоии давлат аз ҷумлаи мақсадҳои бунёдии Конститутсия эътироф гардид.

“Конститутсияи Тоҷикистон  хусусияти миллӣ дорад, зеро он суннатҳои таърихии давлатдорӣ ва ғояҳои инсондӯстонаи халқи тоҷикро дар худ таҷассум кардааст” гуфт зимни суханронӣ Раиси Кумита Қосим Роҳбар.

Баъдан раиси ташкилоти ибтидоии ҲХДТ дар Кумита Наимзода М. Л.  доир ба муқаррароти моддаи 3, банди 2 Оинномаи ҲХДТ  оид ба қабули кормандон ба узви ҲХДТ бо мақсади баланд бардоштани масъулияти кадрҳо 3 нафар кормандони Кумитаро барои ба узвият ба ҲХДТ  қабул намуданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *