Конститутсияи Туркманистон тағйир меёбад

Дар Туркманистон Комиссияи тағйири Конститутсияи ин кишвар корро оғоз кард. Ба иттилои Хабаргузории давлатии Туркманистон (ТДХ), ҷаласаи нахустини комиссияи конститутсионӣ 4 октябр, пас аз ҷаласаи Девони вазирон баргузор шуд.

Президенти Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов тағйири Конститутсияи кишварашро дар робита ба вазъи ивазшавандаи «иқтисодӣ ва сиёсии ҷаҳон» сахт зарур номид.

Дар ҷаласаи нахустин раиси порлумони Туркманистон Гулшод Мамедова муовини раиси Комиссияи тағйири Конститутсия таъйин шуд. Раҳбарии комиссияро худи Бердимуҳаммадов бар зимма дорад.

Конститутсияи Туркманистонро бори охир соли 2016 тағйир дода буданд. Он замон тағйироти асосӣ ҳазфи банде буд, ки ба аз 70-солаҳо боло иҷозат намедод, номзадияшонро ба мақоми президентӣ пешбарӣ кунанд.

Дар Конститутсияи ҳозираи Туркманистон банде ҳаст, ки пешбарии номзадии аз 40-сола поинро ба мақоми раҳбарии ин кишвар манъ мекунад ва ин барои ҷавонони туркман, ки мехоҳанд, вориди сиёсати бузург шаванд, аз ҷумла писари худи Бердимуҳаммадов ва раиси вилояти Ахал Сардор Бердимуҳаммадов як монеа аст.

Ҳамчунин бо пешниҳоди президенти Туркманистон порлумони ин кишвар дорои ду палата хоҳад шуд ва қарор аст, таҳрири нави Конститутсия соли 2020 дар ҷаласаи порлумон ба баррасӣ гирифта шавад.

Конститутсияи Туркманистон соли 1992 қабул шуда, аллакай шаш бор, солҳои 1995, 1999, 2003, 2006, 2008 ва 2016 тағйир дода шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *