Корхонаи истеҳсоли орд дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ифтитоҳ мешавад
Қарор аст, ки моҳи марти имсол калонтарин корхонаи истеҳсоли орд дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дубора ба фаъолият шуруъ кунад. Ин корхона замоне дар минтақа калонтарин истеҳсолкунандаи орд ба ҳисоб мерафт.
Рустам Холиқзода, раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ахиран дар нишасти матбуотӣ афзуд, ки корхонаи истеҳсоли орд дубора ба фаъолият шуруъ мекунад. Ба таъкиди вай корхонаи мавриди назар моҳи март ба кор оғоз мекунад.
Аз мақомоти маҳаллии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ба Pressa.tj гуфтанд, ки корхонаи истеҳсоли орд дар замони собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ дар як шабонарӯз то 500 тонна орд истеҳсол мекард ва он замон калонтарин истеҳсолкунандаи орд дар Осиёи Миёна ҳисобида мешуд. Ин корхона чанд соли охир аз фаъолият бозмонда буд ва дар доираи панҷсолаи рушди саноат дубора ба кор шуруъ хоҳад кард.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ