Корманди бонк дар Бохтар барои қаллобӣ боздошт шуд

Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон як корманди филиали “Саноатсодиротбонк”-ро дар шаҳри Бохтар бо гумони даст доштан дар қаллобӣ боздошт кардааст.

Бино ба иттилои расмии ин ниҳод, шахси боздоштшуда бо чанд шаҳрванди дигар забон як карда, тавассути пешниҳоди маълумоти бардурӯғ аз бонк маблағи 100 ҳазор сомонӣ қарз гирифтааст. Маблағи мазкур пас аз гирифтани он миёни иштирокчиён тақсим карда шуда, ба муассисаи молиявӣ зарари ҷиддии молӣ расонида шудааст.

Тафтишоти пешакӣ нишон медиҳад, ки амали мазкур бар асоси моддаи 247-и Кодекси ҷиноии Ҷумҳурии Тоҷикистон – «қаллобӣ» баҳогузорӣ мешавад. Дар сурати собит шудани гуноҳ, ба гумонбарон ҷазо дар намуди аз 3 то 8 соли маҳрум сохтан аз озодӣ ё пардохти ҷарима ба андозаи аз 41 то 110 ҳазор сомонӣ таҳдид мекунад.

Ҳоло тафтишот идома дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *