Куҳистони Мастчоҳ нақшаи даъват ба артишро пурра иҷро кард

— Ноҳияи Куҳистони Мастчоҳ нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандони солҳои таваллуди 1996-2005-ро пеш аз муҳлат пурра иҷро кард,- хабар медиҳад комиссариати ҳарбии ноҳия.

Бино ба иттилои расида, ба ҳолати 8-уми майи соли 2023 ноҳияи Куҳистони Мастчоҳ нақшаи даъвати баҳориро пеш аз муҳлат ва дар миёни 18 шаҳру навоҳии вилояти Суғд дуюмин шуда ба анҷом расонид.

Гуфта мешавад, ки ноҳияи Куҳистони Мастчоҳ ҳамасола дар иҷрои нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пешсафиро аз даст надода, нақшаро пеш аз муҳлат ба иҷро мерасонад. Солҳои охир, бахусус тайи се даъвати гузашта ноҳияи Куҳистони Мастчоҳ нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбиро пеш аз муҳлат пурра ба иҷро расонидааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *