Кушта шудани ҷангҷӯёни тоҷик дар Афғонистон

Бар асари ҳамлаи ҳавоӣ ба хонаи як фармондеҳи чангиён дар ноҳияи бо Тоҷикистон ҳаммарзи Имом Соҳиб дар вилояти Қундузи Афғонистон 11 ҷангӣ кушта шуданд. 9 нафари онҳо аз Тоҷикистон будаанд.

Фармондеҳи пулиси вилояти Қундуз бо нашри як баёния гуфтааст, ки дар натиҷаи як ҳамлаи ҳавоии нирӯҳои амниятии Афғонистон дар ҳудуди ноҳияи Имом Соҳиб дастикам 11 ҷангӣ, аз ҷумла 9 ҷангии зодаи Тоҷикистони ҳамсоя кушта шуданд. Бино ба ин манбаъ, ҳамлаи ҳавоӣ болои манзили Мӯъмин ном як фармондеҳи бонуфузи маҳаллӣ ва замоне сурат гирифтааст, ки ҷангиён дар ин манзил машғули сохтани бомбаҳои худсохт будаанд.

Гурӯҳҳои чирикии мухолифи ҳукумати Афғонистон, аз ҷумла ҷунбиши Толибон дар ин бора ҳанӯз изҳори назар накардаанд.

Дар ҳамин ҳол, инак рӯзи панҷум аст, ки ҳамлаи Толибон ба маркази ноҳияи Имом Соҳиби вилояти Қундуз идома дорад. Имомуддин Қурайшӣ, вулусволи Имом Соҳиб ба нашрияҳои афғонӣ гуфтааст, ки ҷангиёни толиб алакайй дар тақрибан 500-метрии дафтари ӯ қарор доранд.

Имомуддин Қурайшӣ аз ҳукумати марказӣ хостори ирсоли ҳарчӣ зудтари нирӯҳои иловагӣ барои берун андохтарни Толибон аз ин ноҳияи ҳаммарз бо ноҳияи Панҷи Тоҷикистон шудааст:»Фармондеҳи пулиси вилоят ба Имом Соҳиб омад, вале бо худ нирӯи иловагие наовард. Агар нирӯҳои изофӣ фиристода нашаванд, Имом Соҳиб ба дасти Толибон суқут мекунад.”

Муҳаммадюсуф Аюбӣ, вакили Шӯрои вилоятӣ аз Имом Соҳиб мегӯяд, Толибон алакай бахши бузурге аз қаламрави ин ноҳияро ба даст овардаанд: «Даргириҳо соати тақрибан чори субҳи якшанбе аз қарияи Оқобой оғоз ёфтанд ва даргириҳои сангин то ҳол идома доранд.”

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *