Кӯчаи сайёҳии ба номи Куруши Кабир дар Душанбе
Рӯзи 11 ноябр дар Боғи Куруши Кабири пойтахт кӯчаи сайёҳии ба номи Куруши Кабир ба ифтитоҳ шуд. Ба иттилои шаҳрдории Душанбе, ин кӯчаи сайёҳӣ давоми як моҳ аз соати 11:00 то 22:00 фаъол хоҳад буд. Дар он намоишу фурӯши ҳунарҳои мардумӣ, муаррифии ширкатҳои сайёҳӣ, таомҳои миллӣ ва барномаҳои фарҳангӣ баргузор мегарданд.
Боздидкунандагон метавонанд аз барномаҳои мусиқӣ, ҳунарнамоии санъаткорон аз кишварҳои гуногун, қуръакашии тӯҳфаҳо ва бозиҳои шавқовар баҳра баранд.
Ин иқдом бо ташаббуси шаҳрдории Душанбе ва ширкатҳои “Сомон Трэвел”, “Диёр Трэвел” ва “Бобо Ҳумоюн” роҳандозӣ шудааст.
Мақсад аз таъсиси кӯчаи сайёҳӣ таҳкими робитаҳои фарҳангӣ миёни Душанбе ва Теҳрон, рушди гардишгарии дохиливу хориҷӣ ва пешбурди туризми шаҳрӣ дар пойтахти кишвар арзёбӣ мешавад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ