Кӯшониён: Ифтитоҳи Маркази саломатии муосир

15 август дар ноҳияи Кӯшониён Маркази саломатии наву замонавӣ ба истифода дода шуд. Дар маросими ифтитоҳ раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид иштирок намуда, бо шароити хизматрасонӣ ва таҷҳизоти марказ шинос гардид.

Марказ дар доираи лоиҳаи “Инкишофи барвақтии кӯдакон барои густариши сармояи инсонӣ дар Тоҷикистон” бо дастгирии молиявии Бонки умумиҷаҳонӣ сохта шудааст. Баъди ба фаъолият оғоз намудани он, 40 мутахассиси маҳаллӣ бо ҷойи кор таъмин шуданд.

Иншооти дуошёна дорои 22 ҳуҷраи корӣ буда, аз утоқҳои ташхиси ултрасадо, тибби оилавӣ, хатна, момодоя, иммунизатсия, озмоишгоҳ, муоина ва сабти барқии дил иборат мебошад.

Давлаталӣ Саид зимни суханронии худ аз табибон даъват намуд, ки ҳангоми ташхис ва табобати беморон бо масъулияти баланд амал намоянд, муносибати хуб бо мардум дошта бошанд ва барои беҳдошти солимии ҷомеа саҳми арзанда гузоранд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *