Лахш: Картошкапарварон аз “Тоҷикистон” розӣ…

Тавре ҳама огоҳанд, ноҳияи Лахш (Ҷиргатоли пешина) бузургатрин манбаи истеҳсоли “нони дуюм”, яъне картошка аст. Ҳодисаи аҷибе, ки дар маркази ноҳияи Лахш дар вақти нишасти матбуотӣ рух дод, барои хабарнигори мо ногаҳонӣ буд.

Раиси ноҳия ба ҷамъомадагон (кормандони ниҳодҳои гуногуни давлатӣ ва ҷамъиятӣ, ки дар толор ҳузур доштанд) дар мавриди мақолаи “Картошкаи бепул ”, ки ду моҳ пеш дар ҳафтаномаи “Тоҷикистон” ба нашр расида буду дар он аз мушкилоти картошкапарварӣ дар ҷумҳурӣ гуфта мешуд, сухан ронда, гуфт, ки муаллифи мақолаи мазкур дар ин нишаст ҳузур дорад ё не ва аҳли толор хабарнигорро бо чапакзаниҳо хайрамақдам гуфтанд.

Бояд гуфт, ки аз он замон то имрӯз тағйироти куллие дар фаъолияти картошкапарварон рух надодааст ва ҳоло дар саҳро картошкаи ҳосили нав дар нашъунамост. Айни замон дар ноҳия 3150 га замини картошка интизори фарорасии вақти ғунучини ҳосил аст. Шояд бисёриҳо гумон кунанд, ки бо баланд шудани нархи картошка дар бозорҳо (дар баъзе ҷойҳо аз шаш сомонӣ ҳам болотар аст) зиндагии картошкапарвар осонтар гардид. Вале инро набояд фаромӯш кард, ки “сари” ин нархбаландшавиҳоро хароҷоти баландшудаи хизматрасониҳои дигар, аз қабили нархи сӯзишворӣ ва нархи ғизоҳои минералӣ “мехӯранд” ва деҳқон боз мисли кампири моҳигир аз афсонаи Пушкин бо ҳамон “лагани шикастааш” мемонад. Чун Сарвари давлат саноатикунониро ҳадафи стратегӣ эълон намуданд, қабл аз ҳама, бояд шумораи заводҳои истеҳсоли нуриҳои минералии ватаниро зиёд кард.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *