Лайфхак: барои алоқа дар Ӯзбекистон  маблағ камтар сарф мекунем  

Муштариёни ширкати “МегаФон Тоҷикистон” метавонанд дар рӯзҳои истироҳат ё ид ба Ӯзбекистон сафар карда, доимо  бо хонаашон дар тамос бошанд. Барои  мизоҷони оператор,  ҷиҳати   муошират ва ҷустуҷӯи маълумот дар интернет,  хизматрасонии   муфиди «Ҳамсояҳои роумингӣ» бо нархҳои арзон ва бастаи «Ӯзбекистон Онлайн» пешниҳод мегардад.         

Ёдгориҳои Тошканд ва гумбазҳои кабуди Самарқанд, иморатҳои  бостонии Бухоро ва Хива – дар Ӯзбекистон ҷойҳои зиёди тамошобоб мавҷуданд, ки шаҳрвандони кишварамон орзуи дидани онҳоро доранд. Шартҳои махсуси пешниҳодкардаи МегаФон Тоҷикистон сафари шуморо боз ҳам ҷолибтар мегардонад.   

Барои ба таври назаррас кам кардани хароҷот барои алоқа дар кишвари ҳамсоя, аввал  бояд  хизматрасонии  «Роуминги қулай»-ро фаъол намоед. Амали мазкурро  тариқи  замимаи  «МегаФон Life» ё   бо истифодаи  USSD-дархости  *992*1# анҷом дода метавонед.   Дар тавозуни телефон бояд на камтар аз 3 сомонӣ бошад.       

Воситаи  дуюм –  пайваст кардани хизматрасонии  “Ҳамсояҳои роумингӣ” бо  USSD-дархости  *390*1# ё тавассути “МегаФон Life” мебошад. Хизматрасонӣ барои истифода бурдани алоқа   бо нархҳои муфид  имкон  медиҳад.  Ҳамин тариқ, як дақиқаи даъвати воридотӣ  1,50 сомонӣ арзиш дорад. Шумо метавонед  ба  Тоҷикистон ва ё дар дохили Ӯзбекистон  бо нархи 2,50 сомонӣ барои  як дақиқа  занг занед. Ирсоли SMS-паёмак  0,30 сомонӣ арзиш дорад, нархи  1 МБ трафики интернет низ чунин аст. Ин аз нархҳои стандартӣ  барои роуминги байналмилалӣ якчанд маротиба камтар аст.    

Бастаи «Ӯзбекистон Онлайн»   имкон медиҳад, ки дар Интернет маълумотро дар бораи ҷойҳои тамошобоби   Ӯзбекистон  ҷустуҷӯ кунед ё эҳсосоти худро аз сафар тавассути   шабакаҳои иҷтимоӣ иброз намоед.    Он 5 Гб трафики интернетро дар бар мегирад, ки онро дар давоми 30 рӯз аз рӯзи пайвасткунӣ  истифода бурдан мумкин аст. Баста   ҳангоми дастрасии аввалин ба интернет дар ҳудуди  Ӯзбекистон, агар  дар суратҳисоби муштарӣ на камтар аз 18 сомонӣ бошад, ба таври автоматӣ  фаъол мегардад.        

Агар муштарӣ ҳангоми сафар аз хизматрасонии  интернет  истифода набурда бошад, метавонад  бастаи  «Ӯзбекистон Онлайн»-ро хомӯш  намояд ва  дар ин сурат  маблағи гирифташуда   ба тавозуни телефон бармегардад. Барои қатъкунии хизматрасонӣ  бояд  дархости *305*64# рақамчинӣ  гардад   ё дар саҳифаи асосии замимаи “МегаФон Life”  қисми Бақияи интернет дар равзанаи дорои  тасвири  глобус пайдо  карда шавад.   Дар  рӯйхати бастаҳо   бояд «Ӯзбекистон Онлайн»  пайдо карда  шуда,  дар  бандҳои  пешниҳодшуда  ифодаи “Қатъ кардан”  интихоб гардад. 

Аз хизматрасонии “Ҳамсояҳои роумингӣ” ва бастаи “Ӯзбекистон Онлайн” истифода баред,  то ки  ҳангоми сафар бо наздиконатон дар тамос бошед ва  барои хизматрасониҳои  телекоммуникатсионӣ  маблағи зиёдатӣ   сарф накунед!        

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *