Лайк дигар ҷавобгарии ҷиноӣ нест!

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зере чанд қонун, ки аз ҷониби Маҷлиси намояндагон ва Маҷлиси олӣ ҷонибдорӣ шуданд, имзо гузошт.

Ба иттилои хадамоти матбуоти Сарвари давлат, қонуни Тоҷикистон “Дар бораи сармоя ва ҳавасмандгардонии фаъолияти сармоягузорӣ”, қонунҳои Тоҷикистон оид ба ворид намудани иловаҳо ба “Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон” ва ба Қонун “Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ” аз ҷумлаи онҳо мебошанд.

Аз ҷумла, қонун “Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон”  ҷавобгарии ҷиноятиро барои дар шабакҳои иҷтимоӣ гузоштани лайк ё дигар аломат бекор мекунад.

Таъкид шудааст, ки қонунҳои баимзорасида барои рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар ва баланд бардоштани зиндагии мардум мусоидат менамоянд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *