Лавров: Амрикоро ба кишварҳоятон роҳ надиҳед!

Сергей Лавров дар як суханронии худ дар нишасти ҳамсояҳои Афғонистон дар Теҳрон гуфт: “Аз кишварҳои ҳамсояҳои Афғонистон мехоҳем иҷоза надиҳанд, ки нерӯҳои амрикоӣ ва НАТО, ки пас аз хуруҷ аз Афғонистон мехоҳанд аз ин манотиқ раванд ва дар хоки кишварҳо ҳузури низомӣ пайдо кунанду мустақар шаванд”.

Вазири хориҷаи Русия дар идома гуфт, Амрико ҳамеша Афғонистонро танҳо василаи ҳалли вазифаҳои геополитикии худ медонад.

Ба гуфтаи вазири корҳои хориҷии Русия, майли пайвастаи Ғарб барои табдили Афғонистон аз рӯи моделҳои худ боиси пайомадҳои фоҷиаборе, аз қабили душмании дохилӣ ва хунрезӣ, қутбӣ шудани ҷомеа, фурӯпошии иҷтимоӣ – иқтисодӣ фоҷеаи инсонӣ сабаб шудааст.

Дувумин нишасти кишварҳои ҳамсояи Афғонистон, ки имрӯзҳо дар Теҳрон мегузарад, дар сатҳи вазирони корҳои хориҷа бо ҳузури муовини аввали президенти Эрон оғоз шуд.

Дар ин нишаст вазирони корҳои хориҷаи Эрон, Тоҷикистон, Покистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон шахсан ва ввазирони корҳои  хориҷаи Чину Русия ба сурати маҷозӣ ширкат карданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *