Лео Месси доир ба “Тӯби тиллоӣ”

Ҳамлавари бошгоҳи амрикоии “Интер Майами” Лео Месси дар нишасти матбуотӣ доир ба гирифтан ё нагирифтани муҳимтарин ҷоизаи фардӣ миёни футболбозон — “Тӯби тиллоӣ” фикрашро баён кард.

— Барои ман “Тӯби тиллоӣ” ҳеҷ гоҳ дар ҷои аввал набуд. Пас аз ба даст овардани Ҷоми Ҷаҳон-2022 ман дар бораи “Тӯби тиллоӣ” қариб ки фикр намекунам. Сабаби фикр накарданам он аст, ки ман бештар мехоҳам ҷоизаҳои даставӣ ба даст орам, на ин ки фардӣ,- гуфт ӯ.

Гуфта мешавад, ки футболбози аргентинӣ аз ҷумлаи довталабони асосии “Тӯби тиллоӣ” маҳсуб меёфт. Дар ҷойи дуюм бошад, ҳамлавари бошгоҳи “МС” Эрлинг Ҳоланд мебошад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *