Лео

Leo “Сарнавишт”-ашро нашр кард

Пас аз интизории зиёд рэпи аллакай машҳури рэпсарои навкор ва сершунавандаи тоҷик Leo дар “Ютуб” нашр шуд.

“Сарнавишт”-ро дар як шабонарӯз дар ютубканали рэпсаро наздики 100 ҳазор нафар гӯш карданд. Албатта, худи Leo ва ҳаводоронаш “просмотр”-и зиёдтарро интизор буданд, зеро рэп ҳақиқатан ҳам муддати тӯлонӣ дар интернет тарғиб шуда буд. Вале баробари нашри он зиёда аз 50 саҳифа дар “Ютуб” онро нусха намуданд ва мардум аз саҳифаҳои гуногун гӯш карданд.

Дар бораи рэпи мазкур даҳҳо блогери хориҷӣ, хусусан шаҳрвандони Эрон видео карда, онро ба қавле шарҳу тавзеҳ доданд. Аз ҳама ҷолибаш он аст, ки рэп намоҳанг надошта бошад ҳам, зернавишти тоҷикиву форсӣ дорад ва ин блогерони хориҷиро даҳчанд руҳбаланд кард.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *