Леонел Месси

Леонел Месси ба “Ал Ҳилол”-и Саудӣ меравад

— Падари Леонел Месси — Хорхе Месси ва агенти футболбози «Пари Сен-Жермен» бо “Ал-Ҳилол”-и Саудӣ дар бораи интиқоли писараш музокира доранд,- хабар медиҳад The New Arab.

Қаблан рӯзномаи варзишии Испания “Mundo Deportivo” хабар дода буд, ки “Ал-Ҳилол” ният дорад ба Месси шартнома пешниҳод кунад, ки дар як сол камаш 300 миллион доллар маош мегирад.

«Ал-Ҳилол» дар шаҳри Риёз ҷойгир аст, ки тими Криштиану Роналдуи португалӣ «Ал-Наср» низ дар он ҷо бозӣ мекунад ва мухолифати ин бошгоҳҳо ҷиддитарин дар кишвар маҳсуб мешавад.

Қайд карда мешавад, ки Хорхе Месси дар Риёз қарор дорад ва дар он ҷо барои интиқоли эҳтимолии ҳамлагари аргентинӣ, ки метавонад дар тобистон пас аз ба итмом расидани шартнома бо ПСЖ ба «Ал-Ҳилол» бипайвандад, музокира доранд.

Суман УБАЙДУЛЛОЗОДА

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *