Левакант нақшаи даъватро пурра иҷро кард
Шаҳри Левакант нақшаи даъвати ҷавононро ба Артиши миллӣ пурра иҷро кардааст. Аз мақомоти шаҳри Левакант ба Pressa.tj гуфтанд, ки 1 октябр бо иштироки масъулин, ҷавонони даъватшаванда ва волидони онҳо чорабинии “Рӯзи даъватшаванда” баргузор гардид.
Шаҳри Левакант нақшаи даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишварро 100 фоиз иҷро кардааст.
Дар ин рӯз, Муминзода Мастура Табарӣ, шаҳрдори Левакант аз ҷавонони ватандӯст ва далеру ҷасур барои омодаи хизмат ба Ватан – Модар изҳори сипос карда, аз волидони онҳо барои тарбияи дурусти фарзандон миннатдорӣ намудааст.

Дар ин чорабинӣ аз ҳисоби мақомоти маҳаллӣ ба 45 наваскар шаҳодатномаи ронандагӣ дода шуд. Ҳамчунин 5 ҷавони дигар баъди хатми курси кутоҳмудати омӯзишӣ соҳиби шаҳодатномаи кафшершарӣ барқи шуданд.
Давоми ду рӯз, се шаҳри вилояти Хатлон, Бохтар, Левакант ва Норак аз иҷрои пурраи нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба Артиш хабар доданд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ