Левакант: Сохтмони гӯшти уштурхӯрда

Дар шаҳри Леваканти вилояти Хатлон соли  2004 бунёди бинои иловагии мақомоти маҳаллии шаҳр оғоз гардида буд. Мутаассифона, бо гузашти 17-сол ба ҷуз аз рехтани таҳкурсӣ аз идомаи корҳои сохтмонӣ дараке нест.

Мансур Юсупов, мудири бахши меъморӣ ва шаҳрсозии мақомоти иҷроияии ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант, зимни суҳбат гуфт, ки аз сабаби гарон будани сохтмони бино лоиҳаи он ба дӯши Раёсати сохтмони асоси вилояти Хатлон гузошта шудааст, зеро буҷети шаҳр имкони сохтмони чунин биноро надорад. Барои ин сохтмон 13 миллион сомонӣ маблағ зарур аст.

 “Танҳо соли 2011 бо харҷи 500 ҳазор сомонӣ таҳкурсии бино рехта шудаасту халос. Дигар аз ягон ҳисоб барои бунёди иншооти мазкур маблағ ҷудо нашудааст. Сабаби идома накардани корҳои сохтмонӣ набудани маблағ аст. Мо чанд маротиба ба вилояти Хатлон ва Раёсати сохтмони асосӣ мактуб ирсол кардем, вале аз идомаи корҳои сохтмонӣ дараке нест”,  — гуфт ҳамсуҳбати мо.  

Ин мақомдори шаҳри Левакант изҳори нигаронӣ кард, ки чанде аз бахшу шуъбаҳои шаҳр дар бинои иҷора ҷойгиранд.

Муртазо Назифов, мутахассиси пешбари шуъбаи истеҳсолӣ ва нархгузории Раёсати сохтмони асосии вилояти Хатлон гуфт, давоми 13-сол барои сохтмони бинои маъмурии мақомоти маҳаллии шаҳри Левакант беш аз 540 ҳазор сомонӣ ҷудо шудаасту халос, ҳол он ки сохтмони ин иншоот 11 миллиону 500 ҳазор сомонӣ талаб мекунад.

“Бо сабаби маблағгузорӣ нашудан аз соли 2014 сохтмони бинои асосии мақомоти маҳаллии шаҳри Левакант ба таваққуф гузошта шудааст. Мутаассифона, соли 2021 барои идома додани корҳои сохтмонӣ дар ҳамаи иншооти дар мувозинати идораи мо буда, дар маҷмуъ 7 миллиону 540 ҳазор сомонӣ ба нақша гирифта шудааст. Маблағи имсола назар ба соли 2020-ум панҷ миллион сомонӣ кам мебошад” – гуфт, номбурда.

Аммо аз Сарраёсати молияи вилояти Хатлон дар як тамоси телефонӣ ба мо гуфтанд, ки маблағгузорӣ барои идома додани корҳои сохтмонӣ дар иншооти мавриди назар бар зимаи Вазорати молияи кишвар вогузор карда шудааст.

Ҳол он ки Зарина Давлатзода, раиси шаҳри Левакант ахиран дар нишасти матбуотии хеш гуфт, ки идомаи корҳои сохтмонӣ дар бинои асосии мақомоти маҳаллӣ бевосита зери таваҷҷуҳи раиси вилояти Хатлон қарор дорад. 

“Сохтмони бинои асосии мақомоти маҳаллии шаҳр дар нақшаи Раёсати сохтмони асосии вилояти Хатлон ҷой дода шудааст. Аммо аз сабаби паҳншавии бемории коронавирус он мавқуф гузошта шуд.  Таҳкурсии бино аз солҳои пеш аст. Инҷо бояд ду бинои баландошёна бунёд карда шавад”,-афзуд ӯ. 

Вале ин ҷо суоле пайдо мешаванд, ки  бемории сироятии коронавирус декабри соли 2019 хуруҷ кард, аммо сохтмони ин бино 17-сол пеш оғоз шуда буд.

Мутаассифона, дар вилояти Хатлон сохтмони нотамоми иншооти таъйиноти гуногун зиёд ба назар мерасад. Агар кор бо чунин ранг идома пайдо кунад, дар даҳ соли оянда ҳам Левакант соҳиби бинои мақомоти ҳокимияти давлатӣ нахоҳад шуд.

Машраби Аловиддин

“Тоҷикистон”

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.