Лифт, эстакада ва Боғи ҳайвонот. Дар нишасти шаҳрдорӣ дар бораи ободии пойтахт чӣ гуфтанд?

Дар нишасти матбуотии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, ки 26-уми июли соли равон баргузор шуд, масъулин як қатор ташаббусҳои муҳими шаҳрсозиро муаррифӣ карданд. Аз ҷумла, масъалаҳои насби лифтҳои муосир, кӯчонидани Боғи ҳайвонот, сохтмони 7 эстакада, беҳтарсозии ҳоҷатхонаҳои ҷамъиятӣ ва рафъи мушкили танбашавии нақлиёт баррасӣ гардид.

Лифтҳо нав мешаванд

Бахтиёр Шарифӣ, муовини аввали раиси шаҳри Душанбе дар нишаст гуфт, ки дар биноҳои кӯҳнаи пойтахт, ки аксаран дар давраи шуравӣ сохта шудаанд, лифтҳои замонавӣ насб хоҳанд шуд. Ба гуфтаи ӯ, насб ва истеҳсоли лифтҳо ба ширкати ватании «Тоҷикгирдоэлектромонтаж» вогузор шудааст.

“Ҳар бино лифти ба худ хос дорад, бинобар ин лоиҳаҳо мутобиқ ба шароити махсус таҳия мешаванд”,- гуфт Шарифӣ.

Дар ин замина, масъулин ду роҳи маблағгузорӣ – буҷаи шаҳр ва ҷалби грант ё сармоягузори хусусиро пешниҳод карданд. Аммо санаи мушаххаси оғози насби лифтҳо ҳоло маълум нест.

Боғи ҳайвонот мекӯчад

Толиб Раҳимзода, муовини дигари шаҳрдор гуфт, ки Боғи ҳайвонот аз маркази шаҳр ба роҳи самти шаҳри Ҳисор кӯчонида хоҳад шуд. Айни ҳол, барои ҷудо кардани қитъаи замин дар шоҳроҳи Душанбе-Ҳисор чораандешӣ мешавад.

“Боғи имрӯзаи мо мувофиқи меъёрҳои замони шуравӣ сохта шудааст, вале имрӯз стандартҳои байналмилалиро бояд риоя кунем”,- гуфт Раҳимзода.

Мақомот мегӯянд, ки қаблан чанд мавзеъ барои ҷойгиркунии боғи нав пешниҳод шуда буданд, вале масоҳати онҳо барои ҳайвонот ва муҳити кушода кофӣ набуд.

Бунёди 7 эстакада  

Дар нишаст ҳамчунин Бахтиёр Шарифӣ иттилоъ дод, ки барои рафъи танбашавии нақлиёт дар Душанбе 7 эстакада сохта мешавад. Барои ин кор 58 миллион доллари амрикоӣ аз ҳисоби грант ҷалб карда мешавад.

“Бо ҷалби мутахассисони дохилӣ ва хориҷӣ корҳои сохтмон оғоз меёбанд”,- таъкид кард муовини шаҳрдор.

Эстакадаҳо дар буришҳои сернақлиёти шаҳр, аз ҷумла кӯчаи Шерализода бо хиёбони Ҳофизи Шерозӣ, хиёбонҳои Ҳофизи Шерозӣ, Саъдии Шерозӣ ва кӯчаи Қаҳҳоров, буриши Айнӣ ва Назаршоев

ва нуқтаҳои дигар сохта хоҳанд шуд.

Санаи дақиқи оғози сохтмон муайян нашудааст, аммо масъулин мегӯянд, ки корҳо дар соли 2025 оғоз меёбанд.

Бунёди ҳоҷатхонаҳои биотикӣ

Яке аз масъалаҳои дигаре, ки дар нишаст бо тундӣ матраҳ шуд, норасоии ҳоҷатхонаҳои ҷамъиятӣ дар пойтахт буд.

Муовини шаҳрдор ин норасоиҳоро “мушкили ҷиддӣ” унвон кард.

“Ин масъала аз ҷониби сайёҳон низ пайваста зикр мешавад”,- гуфт Шарифӣ.

Ба гуфтаи ӯ, сохтмон ва ҷойгиркунии ҳоҷатхонаҳои биотикӣ дар манотиқи гуногун ба нақша гирифта шудааст. Аммо на шумора ва на маҳали аниқи онҳо дар нишаст ироа нагардид.

Тафтиши роҳҳо ва рафъи танбашавии нақлиёт

Мақомоти шаҳр инчунин аз омодасозии нақшаҳои муфассал барои рафъи танбашавии нақлиёт ва таъмири роҳҳои марказӣ хабар доданд. Ин барномаҳо дар ҳамоҳангӣ бо сохторҳои нақлиётӣ ва ниҳодҳои техникӣ татбиқ хоҳанд шуд.

Тибқи гуфтаҳои масъулини шаҳрдорӣ, лоиҳаҳои зикршуда бахше аз нақшаи умумии рушди зерсохторӣ ва шаҳрсозии солҳои 2025-2030 мебошанд.

Бо татбиқи ин тадбирҳо, Душанбе ба сатҳи нави ободӣ ва муосирсозии муҳити шаҳрӣ қадам хоҳад гузошт.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *