Лигаи олии Тоҷикистон-2025 чанд пул арзиш дорад?

Арзиши умумии бозории ҳамаи 12 клуби Чемпионати футболи Тоҷикистон дар Лигаи олӣ 21,98 миллион евроро ташкил медиҳад.

Пешсаф ва гаронарзиш дар ин рӯйхат «Истиқлол» (Душанбе) аст, ки арзиши ҳамаи бозикунонаш бо синну соли миёнаи ҳайат, ки 26,7 сол аст ва бо 8 легионер 4,48 миллион евро будааст. «Равшан» (Кӯлоб) бо ҳамон миқдор легионерҳо, вале аз ҷиҳати таркиб ҷавонтар аст, ки арзишаш ҳам қариб ду барорбар камтар аст – 2,73 миллион евро. «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода), барандаи Ҷоми Тоҷикистон-2024, ки таҷрибадорону ҷавон дар ин ҳайат ба ҳам омадаанд, бо 2 миллиону 410 ҳазор евро дар рӯйхат сеюм аст.

Дар зинаҳои баъдӣ «Вахш» (Бохтар) – 2,23 миллион евро, «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 1,90 миллион евро, «Барқчӣ» (Ҳисор) – 1,78 миллион евро, КМВА (Душанбе) – 1,75 миллион евро, «Эсхата» (Хуҷанд) – 1,53 миллион евро ҷойгир шудаанд.

Дар поёни ин рӯйхат дастаҳои «Ҳосилот» (Фархор) – 1,30 миллион евро, «Ҳулбук» (Восеъ) – 905 ҳазор евро, «Истаравшан» – 775 ҳазор евро – ва «Панҷшер» (Балх) – 210 ҳазор евро қарор доранд.

Ҳамчунин, маълум шудааст, ки ҷавонтарин даста «Барқчӣ» аст, ки синни миёна 21,7 сол аст, «Ҳосилот» аз ҳама бештар легионер дорад, ки 9 нафаранд ва «Ҳулбук» куҳансолтарин (ба ҳисоби миёна 29,2 сол) даста будааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *