Лигаи якуми футболи Тоҷикистон оғоз мешавад (аудио)

Рўзи ҷумъаи 22-юми апрел мавсими нави бозиҳои Лигаи якуми футболи Тоҷикистон шуруъ мешавад.

Дар мусобиқа 12 даста барои соҳиб шудан ба роҳхати Лигаи аввали Чемпионати Тоҷикистон мубориза мебаранд. Бозиҳо мувфоиқи системаи даврӣ дар ду давр сурат мегиранд. Дар маҷмуъ ҳарду даста 22 бозӣ анҷом медиҳанд.

Дастаҳои Лигаи якуми футболи Тоҷикистон:

1. «Кўктош» (Рўдакӣ)

2. «Сарҳадчӣ» (Ҳамадонӣ)

3. «Барқчӣ» (Душанбе)

4. «Ҳулбук» (Восеъ)

5. «Панҷшер» (Ҷалолиддини Балхӣ)

6. «Динамо» (Душанбе)

7. «Ҳосилот» (Фархор)

8. «Саройкамар» (Панҷ)

9. «Моҳир» (Ёвон)

10. «Ваҳдат» (Ваҳдат)

11. «Душанбе» (Душанбе)

12. «Гулистон» (Гулистон)

Дар даври аввал 22-юми апрел «Сарҳадчӣ» бо «Душанбе», «Барқчӣ» бо «Ваҳдат», «Ҳулбук» бо «Моҳир», 23-юми апрел «Кўктош» бо «Гулистон», «Панҷшер» бо «Саройкамар» ва «Динамо» бо «Ҳосилот» бозӣ мекунанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *