Ёдбуди Абӯбакр Зубайдов — сароянда, навозанда ва олиме, ки қурбони COVID-19 шуд

Имрӯз дар Пажӯҳишгоҳи илмӣ тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти назди Вазорати фарҳанги Тоҷикистон ёдбуди сароянда, мутриб, таронасаро ва муҳаққиқи мусиқӣ Абӯбакр Зубайдов, ки соли гузашта бар асари сирояти короновирус аз олам гузашта буд, баргузор шуд, ки дар он аҳли санъат ва адаби кишвар иштирок ва суханронӣ намуданд.

Шоири халқи Тоҷикистон Камол Насрулло зимни суханронии хеш қайд намуд, ки “Абӯбакр Зубайдов шахсиятӣ хоксор ва самимӣ буда дар роҳи санъат муваффақ шуда буд. Бо ӯ дар ҳама ҷо ҳамроҳ будем, қариб ҳаррӯз во мехӯрдем. Дар маҳфилҳо сурудхонӣ мекард. Ӯ дар иҷрои сабки сурудҳои классикӣ муваффақ буд. Дониши хуби илмӣ дошт. Абӯбакрро ҳама дӯст медоштанд. Ӯ санъатшиноси асил буд ягон вақт сухани “не” — ро аз забони Абӯбакр нашунидаам”- қайд кард мавсуф.

Дар идомаи маҳфил шоир Салими Зарафшонфар, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Хосияти Зарафшонӣ, профессор Шамсиддини Солеҳ, мусиқишинос Шаҳобиддини Ҳақназар доир ба паҳлӯҳои гуногуни шахсият ва эҷодиёти Абӯбакр Зубайдов суханронӣ намуданд.

Қайд кардан ба маврид аст, ки Абӯбакр Зокиров дар вазифаҳои гуногун кору фаъолият намуда, то даргузашташ муовини директори Пажӯҳишгоҳи илмӣ тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот буд.
Номбурда соли 1958 дар Панҷакент ба дунё омада, баъди хатми мактаби таҳсилоти ҳамагонӣ (1975) таҳсилро дар шӯъбаи суруд ва мусиқии факултаи корҳои маданию фароғатии Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода (1975—1979) идома дода, онро бо дипломи имтиёзнок хатм намудааст. Дар институти зикршуда ба сифати омӯзгор (1979) ба кор монд. Дар Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М.

Турсунзода ба ҳайси омӯзгор (1979—1988), омӯзгори калон (1988-93), мудири кафедраи созҳои мусиқӣ (1993—1998), мудири кафедраи «Тарбияи мусиқӣ» (1998—2003), мудири кафедраи созҳои мусиқӣ (2004—2006), декани факултаи мусиқӣ-омӯзгорӣ (2006 — то имрӯз), дотсент (2006) хизмат намуда, зимни ин дар тарғибу иҷрои осори мусиқии мардумӣ, махсусан мақомӣ корҳои ҳунарӣ анҷом додааст. Ӯ то даргузашташ муовиини директори Пажӯҳишгоҳи илмӣ тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот буд. Абӯбакр Зубайдов дар мавзӯи: «Таърихи фаъолияти ҳунармандони Тоҷикистон дар солҳои 30 — 80 — уми асри XX» рисолаи номзадӣ дифоъ намудааст. Абӯбакр Зубайдов шоха, гӯшаҳои мусиқии устодона «Кӯчабоғи ду», «Талқини Бухоро», «Қашқарчаи талқини Бухоро», «Уфари Талқини Бухоро» ва сурудҳои зиёдро бо сабки хосаиҷро намуда, дар хазинаи тиллоии радио ва телевизиони ҷумҳурӣ сабт намудааст. Муаллифи зиёда аз 20-мақолаҳои таҳқиқӣ оид ба анъаноти эҷодию иҷроии мусиқии тоҷик аст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *