“Луғатномаи Деҳхудо” бо хати кирилӣ

Дар арафаи Рӯзи забон адиби хушсалиқа Афсар Сармад меҳмони ҳафтаномаи “Тоҷикистон” шуд ва бо дастовези диловезаш ҳамаро қоил кард. Ӯ ҷилди аввали “Луғатномаи Деҳхудо”-ро ба хати кирилӣ бозгардон ва нусхаи намунавии онро дар 474 саҳифа нашр кардааст. “Луғатномаи Деҳхудо” яке аз боарзиштарин луғатномаҳои форсӣ буда, аз 50 ҷилди бузургҳаҷм иборат мебошад ва хатгардони он кори ғайримумкин менамояд.

Бори нахуст соли 2017 дар ҳамоише бахшида ба Рӯзи забон дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Ёрдамчии вақти Президенти кишвар, академик Абдуҷаббор Раҳмонзода зарурати такмил ва нашри муҷаддади “Фарҳанги забони тоҷикӣ”-ро ба миён гузошта, ҳамчунин пешниҳод кард, ки “Луғатномаи Деҳхудо” ба хати кирилӣ бозгардону нашр шавад. Вале барои анҷоми ин кор касе ҷуръат намекард, зеро ин фарҳанг хеле калонҳаҷм аст ва заҳмати зиёдро талаб мекунад. Вале Афсар Сармад бо боварӣ мегӯяд, ки агар ташаббуси ӯ дастгирӣ ёбад, дар фурсати кӯтоҳ ҳамаи ҷилдҳои китобро бозагрдон ва нашр хоҳад кард.

«Луғатнома»-и Алиакбари Деҳхудо фарҳанги бисёрҷилдаи энсиклопедӣ ва аввалин фарҳанги ҷомеест, ки калима ва истилоҳоти соҳаҳои гуногунро фаро мегирад. Яке аз хусусиятҳои барҷастаи ин «Луғатнома» айнан овардани вожагон ва ашъори шоирон аз фарҳангу луғатномаҳои тафсирии давраи классикӣ мебошад ва он як навъ ҷамъбасти фарҳангнигории тоҷикӣ-форсӣ аз «Луғати фурс»-и Асадии Тӯсӣ то ибтидои асри XX ба ҳисоб меравад. Таълифи ин фарҳангро шоир ва донишманди эронӣ Алиакбари Деҳухудо (1879 — 1959) оғоз карда, дар замони зиндагиаш 4200 саҳифаи онро таҳия кард. Баъди марги ӯ кори луғатнависӣ дар “Муассисаи Луғатномаи Деҳхудо” идома ёфт ва як ҳайати 50-нафарӣ то имрӯз луғатномаро ба 26 ҳазор саҳифа расониданд, ки он дар 50 ҷилд нашр шудааст.

Адиби тоҷик Афсар Сармад мегӯяд, ин луғатномаро нахуст барои мутолиа баргузид ва зарурати онро ба хонандаи тоҷик дарк карда, ба таҳияи он ба хати кирилӣ азм кард.

“Вақте “Луғатномаи Деҳхудоро” мутолиа мекардам, барои худ дунёи дигарро кашф намудам. Баъдан, вақте пурсуҷӯ кардам, маълум шуд, ки ҳатто аксари аҳли адаб ин фарҳангро ҳатто ба даст нагирифтаанд. Бинобар ин, ба бозгардони он ба хати имрӯзаи тоҷикӣ азм намудам, то хонандаи тоҷик аз ин хазинаи пурганҷ баҳра бардорад. Инак, ҷилди аввали он, яъне ҳарфи “О” омода шуд. Агар ин кори ман дастгирӣ ёбад, сарпарасти нашр пайдо шавад, корро болои ҷилдҳои дигар идома медиҳам”,- мегӯяд Афсар Сармад.

Номбурда мегӯяд, ки “Луғатномаи Деҳхудо” натанҳо барои шарҳи вожагон, балки барои кушодани чандин муаммоҳо кумак мекунад.

“Танҳо дар ҷилди аввали фарҳанг 53 байт ба номи Рӯдакӣ оварда шудааст, ки дар нашрҳои девони Рӯдакӣ нест. Теъдоди абёте, ки дар нашрҳои осори Рӯдакӣ ба як шакд ва дар луғатнома ба дигар шакл омадааст, низ хеле зиёд аст. Аллакай, ҳамин мавзуъ барои таҳқиқ ҷолиб аст. Ин гуна мавзуъҳо дар ин китоб фаровон аст”,- мегӯяд Афсар Сармад.

Афсар Сармад (Ҳамрозода Бӯрӣ Сармад) полковники бознишастаи мақомоти гумруки кишвар аст. Баъди хатми Донишкадаи кишоварзии Тоҷикистон ва фаъолияти илмӣ дар Пажуҳишгоҳи илмӣ-таҳқиқотии иқтисодӣ, аз соли 1992 то соли 2022 дар Хадамоти гумруки кишвар дар вазифаҳои мухталиф фаъолият кард. “Китоби рӯйимизии гумрукчиён” ба қалами ӯ мансуб буда, дар таҳияи китобу санадҳои меъёриву ҳуқуқии зиёди соҳавӣ саҳми худро гузоштааст. Фориғ аз фаъолияти меҳнатиаш ба эҷоди қиссаву ҳикоя, шеъру достон ва тарҷума машғул аст. Эҷодиёташ мавзуҳои меҳанпарастию инсонпарварӣ, ишқу ормонҳои пок ва монанди инҳоро дар бар гирифта, маҳсули эҷодаш дар китобҳои «Савти Истиқлол», “Фарозҳои зиндагӣ”, “Дурахши нур”, маҷмӯаҳои дастҷамъӣ ва рӯзномаву маҷаллаҳои ҷумҳурӣ ба табъ расидаанд. Пас аз бознишастагӣ Афсар Сармад ба фаъолияти пурсамари эҷодӣ машғул шуда, “Кимёгар”-и Пауло Коелиоро ба забони тоҷикӣ тарҷума кард. Ҳамчунин қиссаҳои рӯзгори шоири маъруфи ӯзбек Бобораҷаби Машраб ва ашъори ӯро ба тоҷикӣ тарҷумаву нашр намуд. Таҳияву нашри “Луғатномаи Дуҳхудо” қадами ҷиддии ӯст. Мо дар ин кори шоқа ба Афсар Сармад барор мехоҳем.

О. НОЗИР

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.