Мӯҳлати ҳабси гумонбарон дар ҳодисаи «Крокус» дароз шуд

Суди ноҳияи Басманнийи шаҳри Маскав муҳлати ҳабси чаҳор шаҳрванди Тоҷикистонро, ки дар ҳамла ба толори консертии «Крокус Сити Ҳолл» гумонбар мешаванд, то охири моҳи марти соли 2025 дароз кард.

Мурофиаи додгоҳӣ 19-уми феврал баргузор шуда, суд мӯҳлати ҳабси Фаридуни Шамсиддин, Саидакрам Раҷабализода, Далерҷон Мирзоев ва Муҳаммадсобир Файзовро як моҳи дигар тамдид намуд.

Қаблан гуфта мешуд, ки баррасии парвандаи онҳо рӯзи 22-юми феврал баргузор мешуд. Аммо  бо қарори суд онҳо то охири моҳи март дар боздошт хоҳанд монд.

Ҳодисаи ҳамла ба толори «Крокус Сити Ҳолл» шаби 22-юми марти соли 2024 рух дода, дар натиҷа 20 нафар боздошт шуданд, ки 14 нафарашон зодаи Тоҷикистон мебошанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *