Маҳдудияти шабонаи барқ дар Тоҷикистон бекор шуд

Шурӯъ аз имрӯз, 11-уми апрел дар тамоми минтақаҳои Тоҷикистон нерӯи барқ шабона пурра таъмин мешавад.

Вазорати энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ дар ин бора хабар дода, гуфтааст, ки «бо зиёд шудани ҷараёни об ба дарёи Вахш ва афзоиши истеҳсоли нерӯи барқ дар каскади нерӯгоҳҳои ин дарё, сокинон дар рӯзҳои наздик бе ягон маҳдудият бо барқ таъмин хоҳанд шуд».

Ёдовар мешавем, ки дар Тоҷикистон аз 22-юми сентябри соли 2024 маҳдудияти барқ, бахусус шабона ҷорӣ шуда буд ва Ширкати «Барқи Тоҷик» сабабашро ба камбуди об ва зиёдшавии талаботи аҳолӣ ба нерӯи барқ рабт дод.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *