Маҳмадшоҳ Гулзода ба шаҳрвандони Афғонистон имтиёз додааст

50 фоизи маблағи таҳсили донишҷӯёни Афғонистон, ки айни замон дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон таҳсил доранд, кам карда шудааст.

Дар ин бора Маҳмадшоҳ Гулзода,  ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино зимни нишасти хабарӣ иттилоъ дод.

«Мо шароити онҳоро вобаста ба вазъи кунунӣ ба назар гирифтем. Ин як дастгирӣ барои шаҳрвандони кишвари ба мо ҳамсоя мебошад. Онҳо аз ин иқдоми раёсати донишгоҳ хушнуд шуданд»,- таъкид дошт ректор.

Гуфта мешавад, ки ҳоло наздики 50 нафар аз Афғонистон дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон таҳсил доранд. Маблағи таҳсили донишҷӯёни хориҷӣ дар ин донишгоҳ нисбат ба шаҳрвандони кишвар бештар аст. Ҳоло дар маҷмуъ 1950 муҳассилини хориҷӣ дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба омӯзиши соҳаи тиб машғуланд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *