Маҳрумият аз як даст пеши роҳашро нагирифт!

Ҳасан Ғафуров, мутаассифона, бо амри тақдир маҳдудияти ҷисмонӣ дошта, аз як даст маҳрум таваллуд шудааст, вале ин амр пеши роҳи ӯро гирифта натавонист. Феълан ӯ яке аз муваффақтарин варзишгарони кишвар аст. Сарнавишти Ҳасан Ғафурови наврас барои ҳазорон нафар метавонад намуна бошад.

Хонандаи синфи 5, МТМУ №10, деҳаи Тоҷикобод, ноҳияи Ҷ. Расулов Ҳасан Ғафуров дар ҳақиқат лоиқи ситоиш ва ғамхорию дастгирист.

Аз хурдсолӣ ба варзиш меҳри беандоза дорад ва дар муассисаи давлатии мактаби махсуси варзишӣ оид ба намудҳои гӯштини Кохи варзиши «Ланглиф» бо азми қавӣ машқ намуда, нозукиҳои гӯштинро меомӯзад. Аз тақдир дилшикаста нест, руҳафтодагиро намепазирад, ғайрати беандоза ва аз ҳама муҳимаш, ба худ боварии комил дорад, нисбати худ серталаб аст. Нафарест ситорагарму меҳрубон. Умеду эътиқод ва кӯшиши зиёд ба ӯ имконият дод, ки ба дастовардҳои шоиста ноил гардад. Заминаи устувору боэътимод, нерӯи пурқувват, сайқал додани маҳорату истеъдоди худодод, кафкӯбиҳои самимона ва умеди мухлисони сершумораш ба ӯ дари муваффақиятҳои назаррасро боз намуд. Соли 2017 дар мусобиқаи байни мактабҳои варзишии ноҳия дар вазни 21 кг бо чолокию пурқувватӣ ва истеъдоди ҳайратовар 4 рақибашро шикаст дода, сазовори ҷои 1-ум гашт.

Аввалин мусобиқа ва аввалин ғолибият ӯро руҳбаланд намуд. Минбаъд аз соли 2018 инҷониб дар ҳамаи мусобиқаҳои сатҳи ноҳиявӣ, вилоятӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ дар намуди гӯштини миллӣ ва ҷудо ғолиб гашта, соҳиби 25 медали тилло, 3 медали нуқра ва 1 медали биринҷӣ гаштааст. Соли 2018 дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар вазни 21 кг дар намуди гӯштини ҷудо медали тиллоро ба даст оварда, ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ гашт. Боиси ифтихор аст, ки соли 2019 дар шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон аз намуди ҷудо дар вазни 21 кг дар байни наврасон сазовори медали тилло ва ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ гашт. Вақте ки ба гардани ӯ медали тиллоро овехтанд, мухлисони сершумораш, варзишгарони ҷумҳуриҳои собиқ Иттифоқи Шӯравӣ, ҳатто рақибонаш ва тамошобинон барои истеъдоди нотакрораш ва маҳорати беқиёсаш ба эҳтироми ӯ рост истода, самимона кафкӯбӣ намуданд, офаринаш мегуфтанд, қоил буданду дар ҳайрат. Ҳунарнамоии волои Ҳасанпаҳлавон ҳар як тамошобинро ба ваҷд меорад ва кас ба хулосае меояд, ки Худованд ӯро маҳз барои гуштингирӣ офаридааст. Ӯ орзу дорад, ки дар мусобиқаҳои сатҳи ҷаҳонӣ, байналмилалӣ ва Олимпиада ғолиб ояд, Тоҷикистонро ба таври шоиста муаррифӣ намояд, Парчами Тоҷикистон баланд бардошта шавад ва Суруди миллии Тоҷикистон садо диҳад. Барои амалӣ гаштани ин орзӯ ҳамаи имконият ва шароити мусоид муҳайё аст. Ба ӯ барор мехоҳем! 

Қурбон ҚУРБОНОВ,

шоир, узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *