Мақоми ҷудочиёни Тоҷикистон дар ҷаҳон

Федератсияи байналмилалии ҷудо дар феҳристи нави худ дар вазни то 90 кило ба Машу Бакери ҷопонӣ ҷойи аввалро бо 2630 имтиёз арзанда додааст. Аксел Клегерти фаронсавӣ бо 2178 имтиёз дар мақоми дуюм ва мақоми сеюмро Александр Куколҷи сербиягӣ бо 2146 имтиёз ишғол  кардаанд. Маркус Наймани шветсиягӣ бо 2041 имтиёз дар мақоми чорум, Хунзао Ҷенг аз Чин бо 2008 имтиёз дар мақоми панҷум ва Донған Квак аз Кореяи Ҷанубӣ бо 1980 имтиёз дар мақоми шашум ва зинаи ҳафтум Комроншоҳи Устопириён қарор доранд.

Ба қатори даҳ нафари беҳтаринҳо, инчунин Михаэл Зганк (Словения, 1760 имтиёз, мақоми ҳаштум), Варлам Липартелиани (Гурҷистон, 1651 имтиёз, мақоми нуҳум) ва Ҳусейн Холмурзаев (Русия, 1610 имтиёз, мақоми даҳум) шомиланд.

Умуман, мавқеи ҷудочиёни тоҷик дар феҳристи ҷаҳонии ҷудо миёни бузургсолон чунин аст:

Вазни 60 кило

Хушқадам Хусравов бо 24 имтиёз дар мақоми 181-ум

Вазни 66 кило

Асадулло Тоҳиров бо 114 имтиёз дар мақоми 118-ум

Умед Абдураҳимов бо 49 имтиёз дар мақоми 166-ум

Баҳодур Ҳалимов бо 2 имтиёз дар мақоми 318-ум

Раҳматуллои Маҳмуд бо 1 имтиёз дар мақоми 339-ум

Вазни 73 кило

Хаёмиддин Ҷабборов бо 114 имтиёз дар мақоми 120-ум

Кароматулло Ҳакимов бо 45 имтиёз дар мақоми 187-ум

Шамоили Ҷаҳонгир бо 2 имтиёз дар мақоми 360-ум

Саидмухтор Расулов бо 1 имтиёз дар мақоми 381-ум

Муҳаммад Мирзоев бо 1 имтиёз дар мақоми 381-ум

Вазни 81 кило

Акмал Муродов бо 166 имтиёз дар мақоми 107-ум

Фарҳод Раҳимов бо 98 имтиёз дар мақоми 137-ум

Сафарбек Муродов бо 53 имтиёз дар мақоми 170-ум

Комрон Карликов бо 1 имтиёз дар мақоми 331-ум

Вазни — 90 кило

Комроншоҳи Устопириён бо 1776 имтиёз дар мақоми 7-ум

Муртазо Аминов бо 8 имтиёз дар мақоми 225-ум

Вазни 100 кило

Саидҷалол Саидов бо 346 имтиёз дар мақоми 54-ум

Абдулваҳҳоб Сатторов бо 122 имтиёз дар мақоми 86-ум

Темур Раҳимов бо 2 имтиёз дар мақоми 226-ум.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *