Маблағгузорӣ ба сармояи асосии шаҳри Душанбе афзоиш ёфт

Ҳаҷми умумии маблағгузорӣ ба сармояи асосии шаҳри Душанбе дар соли 2024 назар ба соли 2023 20% афзуд.

Дар ин бора Бахтиёр Шарифӣ, муовини аввали раиси шаҳри Душанбе зимни нишасти хабарӣ иттилоъ дод.

“Ҳаҷми умумии маблағгузорӣ ба сармояи асосии шаҳри Душанбе дар соли 2024 6,2 млрд сомониро ташкил додааст. Ин дар муқоиса ба ҳамин давраи соли 2023 20 дарсад бештар аст. Аз ин ҳисоб, 27 дарсад ё 1,7 млрд сомонӣ ба маблағгузории давлатӣ, 63 дарсад ё 3,9 млрд сомонӣ ба маблағгузории бахши хусусӣ ва 10% дарсад ё 589 млн сомонӣ ба сармояҳои хориҷӣ рост меояд”, – гуфт номбурда.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *