Махфират Юсуфӣ: «Фиреби чеҳра хӯрдам борҳо…»

Ба ҳарфи бетаҳаммул, носабуриро намехоҳам,

Ғаму сӯзу фироқу дарди дуриро намехоҳам.

Фиреби чеҳра хӯрдам борҳо, дар интихоби дӯст,

Риёкорӣ, дар он руйи булуриро намехоҳам.

Дили лабрез аз хушҳолӣ мехоҳам, барои зан,

Барояш ҷабру доғи бахтшӯриро намехоҳам.

Каси афтода аз ғамро, набинад кош чашмонам,

Ки ман ин гуна биноиву кӯриро намехоҳам.

Фақат меҳри дилу ишқу муҳаббат, пеша бояд кард,

Ба инсон ғуссаву ҳам дасти зӯриро намехоҳам.

Маълумотнома

Махфират Юсуфӣ 9-уми майи соли 1975 дар деҳаи Алмосии шаҳри Ҳисор дар оилаи омӯзгор ба дунё омадааcт. Хатмкардаи факултаи филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мебошад. Маҷмӯаи шеърҳо ва дигар осораш таҳти унвони «Гаҳворабони ғам», «Гӯётар аз садо», «Ҳадиси тарбияти бузургсол» , «Дардҳои ниҳон», «Гули ёс» , «Печутоби сарнавишт», «Гӯётар аз садо» , «Фоли Ҳофиз» (баргардон аз ҳуруфи форсӣ ба кириллӣ), «Пайки Наврӯз» , «Асири зиндагӣ» , «Тозакориҳои истиқлолият». «Маҷмӯаи мусоҳибаҳо» ба дасти хонанда расидаанд.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.