Майк Тайсон

Майк Тайсон дар таҷовуз ба номус муттаҳам мешавад

— Қаҳрамони собиқи ҷаҳон оид ба бокс дар вазни “вазнин” Майк Тайсон барои таҷовуз ба номус ба додгоҳ кашида шудааст,- хабар медиҳад АВС.

Зане, ки ӯро ба додгоҳ кашид, иддао дорад, ки Тайсон ба ӯ «зарбаи ҷисмонӣ, равонӣ ва эмотсионалӣ» задааст.

Дар баёнияи савгандёдкунӣ санаи ҳамла нишон дода нашудааст, аммо гуфта мешавад, ки он дар аввали солҳои 90-ум рух додааст. Моҳи феврали соли 1992 Тайсон барои таҷовуз ба номус дар Вашингтон гунаҳкор дониста шуда ва се соли умри худро дар зиндон сипарӣ карда буд.

Ҳоло Тайсон 56-сола аст. Дар тӯли фаъолияти варзишиаш 58 қувваозмоӣ карда, 50 ғалаба (44-то бо нокаут) ба даст оварда, шаш маротиба мағлуб гардидааст.

Тайсон 11-уми июни соли 2005 охирин муборизаи худро баргузор карда, аз муштзани ирландӣ Кевин Макбрайд шикаст хӯрд.

СУМАН

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *