Мактабҳо ва кӯдакистонҳои Бишкек ба реҷаи онлайн мегузаранд

Дар шаҳри Бишкек, пойтахти Қирғизистон, мактабҳо ва кӯдакистонҳо рӯзҳои 12-13 март ба реҷаи онлайн мегузаранд. Тибқи иттилои расонаҳои маҳаллӣ, ин тадбир ба сафари давлатии Президенти Тоҷикистон ба Қирғизистон рабт дорад.

Мақомоти шаҳрдории Бишкек гуфтаанд, ки дар кӯдакистонҳо гурӯҳҳои навбатдорӣ фаъол хоҳанд буд, аммо дар бораи реҷаи фаъолияти донишгоҳҳо маълумоти расмӣ нашр нашудааст.

Қарор аст, ки дар ҷараёни сафари давлатӣ, сарони ду кишвар масъалаҳои ҳамкориҳои Тоҷикистону Қирғизистон ва дигар мавзуъҳои мавриди таваҷҷуҳро баррасӣ кунанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *