Мактаббачагони тоҷик аз Малайзия 60 медал оварданд

Мактаббачагони Тоҷикистон дар олимпиадаи байналмилалии BRAINIACS, ки аз 24 то 30 апрел Дар Куала-Лумпури Малайзия баргузор шуд, 60 медал ба даст оварданд. Дарин бора Вазорати маориф хабар додааст.

Тоҷикистонро дар олимпиада 117 хонанда аз мактабҳои кишвар намояндагӣ карданд.

12 хонанда соҳиби медалҳои тилло шуданд, 12 нафари дигар нуқра ва 36 биринҷӣ ба даст оварданд.

Ҷоизадорон ва иштирокчиёни олимпиадаро дар фурудгоҳи Душанбе бо тантана пешвоз гирифтанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *