Мактабе дар вилояти Суғд ба номи Дамирбек гузошта мешавад

Маҷлиси вакилони шаҳраки Ғончии ноҳияи Деваштич қарор содир кардааст, ки мактабе дар ноҳияи мазкур ба номи овозхон Дамирбек Олимов гузошта шавад.

Аз қарор бармеояд, ки Мактаби санъати бачагонаи шаҳраки Ғончии ноҳияи Деваштич ба номи овозхони марҳум Дамирбек Олимов гузошта мешавад.

Бояд гуфт, ки сарояндаи шинохтаи тоҷик Дамирбек Олимов шаби 5-уми феврали соли равон бар асари садамаи нақлиётӣ ба ҳалокат расид. Марҳум 33 сол дошта, солҳои 2004-2008 Коллеҷи Донишкадаи санъати ба номи Содирхон Ҳофизи шаҳри Хуҷандро хатм карда буд.

Марҳум дар ансамбли шашмақомхонии «Нури Хуҷанд», ки роҳбариашро Ҷӯрабек Муродов ба уҳда дорад ва ҳамчунин дар ансамбли созу овози «Садои Суғд» низ фаъолият мекард.

Ӯ оиладор ва падари се фарзанд буд.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.